Осеби чашми рости Навалний аз пошидани «зелёнка» ба рӯяш

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Москва ба рӯи мухолифи машҳури рус Алексей Навалний "зелёнка" пошиданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сухангӯи сиёсатмадор Кира Ярмиш гуфтааст, ин ҳодиса дар баромадгоҳи бинои Бунёди мубориза бо коррупсия, замоне, ки Навалний мехост барои суханронӣ ба Global Event Forum биравад, рух дод.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳамла чашми рости Навалний осеб дида, ӯро ба беморхона интиқол додаанд. "Феълан бистарӣ аст. Чашмаш мебинад, вале дард мекунад. Чӣ пайомад дорад, ҳанӯз маълум нест. Пулис аризаро қабул кард, вале ба дидани сабти дурбинҳои назоратӣ шитоб надоранд. Мо талаб хоҳем кард, ки парвандаи ҷиноӣ боз ва ҳодиса санҷида шавад. Ин ҳамла ба маъракаи интихоботӣ ҳеч таъсире нахоҳад расонд", – иброз доштааст раҳбари ситоди интихоботии Навалний Леонид Волков.

Моҳи марти соли равон низ ба Навалний ҳангои ифтитоҳи ситоди интихоботии ӯ дар Барнаул "зелёнка" пошида буданд. Мухолифи рус ба ин ҳамла нигоҳ накарда, дар назди ҷонибдорони худ баромад кард. Алексей Навалний тасмим дорад, ки соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад. Аз пешбарии номзадии ӯ аллакай беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Русия ҷонибдорӣ карда, то ҳол 25 ситоди интихоботияш дар саросари ин кишвар боз шудааст.

Муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия моҳи март натиҷаи таҳқиқоти худро дар робита ба дороиҳои сарвазир ва раиси ҳукумати Русия Димитрий Медведев, ки дар эъломия зикр нашудаанд, нашр кард. Дар натиҷа дар тамоми шаҳрҳои Русия тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...