Оғози бунёди зербинои CASA-1000 дар Тоҷикистон бори дигар ба таъхир афтод

Муҳлати қабули дархостҳои тендерӣ ба сохтмони зеристгоҳҳои табдили нерӯи барқ дар Сангтӯда дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) бори дигар дароз карда шуд. Ин дафъа то 11 майи соли равон. «Санаи пешниҳоди дархостҳо ба бастаи санадҳои Зеристгоҳҳои табдили барқ (конверторӣ) то 11 майи соли 2017 […]

Asia-Plus

Муҳлати қабули дархостҳои тендерӣ ба сохтмони зеристгоҳҳои табдили нерӯи барқ дар Сангтӯда дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) бори дигар дароз карда шуд. Ин дафъа то 11 майи соли равон.

«Санаи пешниҳоди дархостҳо ба бастаи санадҳои Зеристгоҳҳои табдили барқ (конверторӣ) то 11 майи соли 2017 тамдид шуд, – хабар дода мешавад дар сомонаи лоиҳаи проекта CASA-1000. – Мақомоти масъул ба баргузории тендер ислоҳи панҷум ба санадҳои тендерии бастаи Зеристгоҳҳои табдили барқро ворид кард».

Ин ҷо сари интихоби паймонкор барои бунёди зеристгоҳҳои табдили барқ дар доираи лоиҳа дар Сангтӯда (Тоҷикистон) ва Навшаҳр (Покистон) сухан меравад, ки тендери он ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта эълон шуда, ҷамъбасти он моҳи феврали соли равон дар назар буд, аммо то 27 апрели соли равон дароз шуда буд, то ки ба иштирокчиён барои омода кардани пешниҳодҳо фурсати зиёдтар фароҳам оварда шаваду ба шумори бисёри ширкатҳои дигар низ барои иштирок дар тендер шароити мусоид муҳайё гардад.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои бузургу маъруфи ҷаҳон барои иштирок дар бунёди зербинои Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар қаламрави Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Моҳи октябри соли гузашта дар доираи амалисозии Лоиҳаи CASA-1000 барои интихоби паймонкори сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда ва Навшаҳри Покистон тендер эълон шуд. Зеристгоҳи Сангтӯда дар Тоҷикистон ҷараёни тағйирёбандаи барқеро, ки минбаъд ба Афғонистон интиқол дода мешавад, ба ҷараёни доимӣ табдил медиҳад. Ғайр аз ин, сохтмони зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори газронидани 300 МВт дар Кобул низ дар назар аст.

Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 харҷи 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 801 млн. баҳри бунёди зербино ҷиҳати интиқоли барқ ва боз 30 млн. барои дастгирии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Буҷети тахминии барномаи дастгирии хонаводаҳо дар доираи лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми хароҷоти марбут ба тадбирҳои экологиву иҷтимоӣ 20 млн. доллари ИМА ва хароҷоти ғайримунтазира 145 млн. доллари ИМА арзёбӣ шудааст. Барои пардохти андоз ва фоизҳо зимни сохтмони хатти интиқоли барқ 104 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ (дар доираи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд) сармоягузории асосии лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 муқаррар шудааст.

Дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқ барои таҳвили нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.