Ҳукуматдорони Чин гузоштани номҳои «мусулмонӣ»-ро манъ карданд

Мақомоти вилояти Синтзян дар шимолу ғарби Чин гузоштани номҳои мазҳабиро барои кӯдакон, манъ карданд. Ба ин рӯйхат садҳо ном, ки миёни мусулмонон бештар истифода мешаванд, шомил аст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи расмии вилоят дар суҳбат бо Радиои Осиёи Озод хабари расонаҳои Ғарбро дар ин бора тасдиқ карда ва гуфтааст, бар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти вилояти Синтзян дар шимолу ғарби Чин гузоштани номҳои мазҳабиро барои кӯдакон, манъ карданд. Ба ин рӯйхат садҳо ном, ки миёни мусулмонон бештар истифода мешаванд, шомил аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи расмии вилоят дар суҳбат бо Радиои Осиёи Озод хабари расонаҳои Ғарбро дар ин бора тасдиқ карда ва гуфтааст, бар пояи "Қоидаи номгузории ақаллиятҳои қавмӣ", ки ахиран аз тарафи Ҳизби ҳокими коммунистии Чин муаррифӣ гашт, гузоштани номҳои Қуръон, Ислом, Саддам, Имом, Ҷиҳод, Ҳаҷ, Макка ва Мадина ба кӯдакон манъ шуд.

Намояндаи пулиси шаҳри Урумчӣ, маркази Синтзян мегӯяд, кӯдакони дорои ин гуна номҳо аз низоми қайди давлатӣ, ки бар пояи он дастрасӣ ба хадамоти маорифу тиб таъмин мешавад, хориҷ карда хоҳанд шуд.

Ин қоида асосан ба ақалиятҳои қавмӣ, дасти кам ба 10 миллион уйғур, зиёда аз 1,5 миллион қазоқ, ҳудуди 150 ҳазор қирғиз, 5 ҳазор тотор, чаҳор ҳазор тоҷик ва наздики ҳазор дунган дахл дорад, ки аз дини Ислом пайравӣ мекунанд.

Уйғурҳо чандин сол аст аз муносибати ҳукумати Чин бо онҳо шикоят мекунанд. Ҳизби ҳокими коммунистии Чин дастрасӣ ба ин минтақаи нооромро сахт назорат карда, санҷиши иттилоъ дар бораи Синтзян тариқи манобеи мустақил мушкили бузургеро дар пай хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.