Шумори квотаҳои ҳаҷ барои тоҷикистониён кам нашуд

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ намуда, ҳарчанд дар бораи коҳиши он гуфтугузорҳо ҷой дошт, имсол ҳам 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф шуда метавонанд. Аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки айни замон […]

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ намуда, ҳарчанд дар бораи коҳиши он гуфтугузорҳо ҷой дошт, имсол ҳам 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф шуда метавонанд.

Аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки айни замон қайди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ дар соли равон идома дорад.

Қобили зикр аст, ки аввали соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд. Қабл аз сафар ба ҳаҷ зойирини тоҷик бояд аз муоинаи комиссияи тиббӣ низ гузаранд.

«Имсол вазъи молиявии хоҳишмандони адои ҳаҷ бо тартиби махсус санҷида шуда, роҳбарони раёсатҳои Кумитаи дин дар маҳалҳо шахсан бо вазъи зиндагии оилаи ҳаҷраванда шинос ва бояд бовар ҳосил намоянд, ки вазъи молиявиашон хуб буда, қарзу дигар мушкилот надоранд ва агар ин оила қарздор бошад, масалан аз бонк, аризаи шахси аз ин оила ҳаҷраванда баргардонда мешавад», – гуфт як манбаъ аз Кумитаи дин.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, арзиши маросими адои ҳаҷи имсола то ҳол муқаррар нашуда, «вале яқин аст, ки бар асари болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ, нархи он аз соли гузашта баландтар хоҳад буд».

Бино ба иттилои Gulf News , ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ ҳамчунин андозаи маблағҳои раводидро афзуда, боҷҳои нав ҷорӣ кардаанд. Арзиши раводиди вуруд барои 1 маротиба ба муҳлати 2 моҳ беш аз 10 баробар – аз 50 то 530 доллар ва боз илова 26 доллар барои ҳар як моҳи иловагӣ зиёд шудааст.

Баъзе ширкатҳои Русия арзиши роҳхат ба ҳаҷ дар соли 2017-ро муқаррар кардаанд, ки аз 4300 то 12 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон арзиши маросими ҳаҷи имсола – 3800 доллар, Озарбойҷон – аз 4450 то 5200 доллар ва Туркия – беш аз 4500 доллар муқаррар шудааст.

Ба арзиши роҳхати адои маросими ҳаҷ маъмулан сафар ба ҳарду тараф тариқи ҳавопаймо, иқомат дар меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ дохил мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.