Мушкилоти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ҳал шуд

Asia-Plus

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС, дар машваратҳои мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ҷонибҳо масоили марбут ба алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳоро ҳаллу фасл карда, дар бораи идомаи ҳамкориҳои барои тарафайн судманд ба мувофиқа расидаанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар масъалаи таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия барои парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба созиш расида, Русия ҳамчунин маҳдудиятҳои ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистонро бекор мекунад.

Аввали моҳи апрел Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»-ро аз Душанбе ба Маскав (4 парвоз дар 1 ҳафта) ва Хуҷанд (3 парвоз дар 1 ҳафта) маҳдуд карда, Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошт, ки ин тасмим дар посух ба аз ҷониби Тоҷикистон рад шудани мувофиқа бо ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати амалисозии парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав гирифта шудааст.

Тоҷикистон низ дар посух ба ин амал аз 6 апрел ба парвозҳои ширкатҳои русиягии "ЮТэйр" ва "Уралские авиалинии" ба ҷумҳурӣ маҳдудият ҷорӣ карданӣ буд, ки ба 3 парвози "ЮТэйр"  ба Хуҷанд ва 4 парвози "Уралские авиалинии" ба Душанбе дахл дошт, вале ин маҳдудият ҷорӣ нашуда, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки баҳсро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд ва Вазорати нақлиёти Русия ҳамтоҳои тоҷики худро барои гуфтушунид ба Маскав даъват кард.

Баҳсҳо миёни мақомоти марбутаи Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ ҳанӯз аз соли гузашта идома дошта, моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Тоҷикистон иҷозат надод ва дар навбати худ, Русия ба парвози ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...