Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистонро, ки боиси талафоти одамон гашт, ба президенти ин кишвар Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистонро, ки боиси талафоти одамон гашт, ба президенти ин кишвар Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.

«Хоҳишмандам тасаллиёти амиқи моро ба наздикону пайвандони дар натиҷаи ин фоҷиа ҳолокшуда расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем», – гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, бар асари фаромадани ярч дар рустои Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯши Қирғизистон 24 узви шаш хонавода, аз ҷумла нуҳ кӯдак, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса субҳи барвақти 29 апрел рух додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.