Freedom House Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои матбуоташ ноозод шомил кард

Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House имсол Тоҷикистонро бо 87 хол дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозоди ҷаҳон ҷой додааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, муаллифони гузориши "Озодии матбуот – 2017" гуфтаанд, ки матбуоти нисбатан озод дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (67 хол) буда, ба дунболаш Қазоқистон (85 хол) истодааст. Узбакистон бо 95 […]

Радиои Озодӣ

Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House имсол Тоҷикистонро бо 87 хол дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозоди ҷаҳон ҷой додааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, муаллифони гузориши "Озодии матбуот – 2017" гуфтаанд, ки матбуоти нисбатан озод дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (67 хол) буда, ба дунболаш Қазоқистон (85 хол) истодааст. Узбакистон бо 95 ва Туркманистон бо 98 хол дар қатори даҳ кишвари вазъи матбуоташон аз ҳама бад қарор доранд.

Гуфта мешавад, ин гузориши нави созмони "Хонаи Озодӣ" дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки ҳар сол 3 май таҷлил мешавад, ба нашр расидааст. Дар ин гузориш вазъи озодии матбуот дар ҷаҳон тибқи ҷадвали аз 0 то 100 хол баҳогузорӣ шуда, рақамҳои аввал баёнгари вазъи хуби озодии матбуот ва рақамҳои охирин баёнгари вазъи бад гуфта шудаанд.

Freedom House гуфтааст, дар маҷмӯъ, дар соли гузашта сатҳи озодии матбуот дар ҷаҳон поин шуд ва дар ҳоли ҳозир танҳо 13 дар сади аҳолии дунё дар кишварҳои матбуоташон озод ба сар мебаранд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷадид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.