Санаи 1-уми май беш аз 90 сол бори нахуст дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат нест

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки муддати 92 сол дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешуд, аз имсол аз рӯйхати рӯзҳои истироҳати ид хориҷ шуд. Ин қарор рӯзи 16 ноябри соли 2016 аз ҷониби парлумон қабул шуда, вакилон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро маъқул донист. Мувофиқи ин тағйирот, Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии […]

Asia-Plus

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки муддати 92 сол дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешуд, аз имсол аз рӯйхати рӯзҳои истироҳати ид хориҷ шуд.

Ин қарор рӯзи 16 ноябри соли 2016 аз ҷониби парлумон қабул шуда, вакилон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро маъқул донист. Мувофиқи ин тағйирот, Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки дар аксари кишварҳо санаи 1 май ҷашн гирифта мешавад, дигар рӯзи истироҳат шуморида намешавад.

Дар Тоҷикистон ин сана ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 1 май ҳатман гузаштҳову раҳпаймоӣ ва намоишҳои меҳнаткашон доир мегардиданд. Даҳсолаи ахир ин санаро танҳо ҷонибдорони Ҳизби коммунист ҷашн мегирифтанд, вале ҳукумати расмӣ ҳам ба ҳар ҳол дар боғҳо сайругаштҳои оммавӣ ташкил мекард.

Қобили зикр аст, ки ҷашни санаҳо бахшида ба меҳнат ва меҳнаткашон дар 142 кишвари саросари дунё вуҷуд доранд, лекин на ҳамаи онҳо маҳз 1 май ҷашн гирифта мешаванд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ 1 май ҷашни коргарон маҳсуб меёфт. Дар Русияи ҳозира ин ҷашн хусусияти аввалаи сиёсиашро аз даст дод. Барои аксари шаҳрвандони ин кишвар 1 май танҳо як рӯзи фароғат ва истироҳати иловагӣ аст.

Мебояд гуфт, дар Қазоқистон ин сана ҳамчунин Иди ваҳдати мардуми Қазоқистон ва дар Беларус, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Шри-Ланка ба сифати Рӯзи меҳнат ҷашн гирифта мешавад. Дар ИМА Рӯзи меҳнат душанбеи якуми моҳи сентябр таҷлил мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.