Мақоми охирини Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ

Дар Рейтинги глобалии иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Index миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон зинаи охиринро ишғол намуд. Дар байни 127 кишвари дар рейтинг зикршуда, Тоҷикистон мақоми 112-умро касб намуд. Соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 81-ум қарор дошт. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари аз нигоҳи ҳарбӣ пурқудраттарин Ӯзбекистон (зинаи 48-ум) дониста шуда, Қазоқистон мақоми 53, […]

Asia-Plus

Дар Рейтинги глобалии иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Index миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон зинаи охиринро ишғол намуд.

Дар байни 127 кишвари дар рейтинг зикршуда, Тоҷикистон мақоми 112-умро касб намуд. Соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 81-ум қарор дошт.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари аз нигоҳи ҳарбӣ пурқудраттарин Ӯзбекистон (зинаи 48-ум) дониста шуда, Қазоқистон мақоми 53, Туркманистон – 84 ва Қирғизистон зинаи 109-умро ишғол кардаанд.

Дар сегонаи кишварҳои аз лиҳози низомӣ пурқудраттарин ИМА пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Русия ва Чин қарор гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки рейтинги мазкур бо назардошти беш аз 50 омилҳо асос ёфта, натанҳо ба шумори аслиҳа, балки ба гуногун будани навъҳои он низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Ҳамчунин омилҳои ҷуғрофӣ, шароити ҳамлу нақл, захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумори аҳолии ба хизмати ҳарбӣ коршоям низ ба инобат гирифта мешавад. Имконоти ядроӣ ва сатҳи раҳбарияти сиёсӣ ва низомӣ, ҳамчунин мавҷуд набудани роҳи баромади кишвар ба баҳр ба рейтинг таъсиргузор нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.