Беш аз 19 ҳазор хизматчиёни давлатӣ ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки имрӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд. Ба ақидаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, пешвои Ҳизби демократи ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода,савгандёдкунӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ масъулияти онҳоро зимни […]

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки имрӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд.

Ба ақидаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, пешвои Ҳизби демократи ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода,савгандёдкунӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ масъулияти онҳоро зимни иҷрои вазифаҳои худ бештар мекунад.

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар ҳолати рост истодан паҳлӯи Парчами давлатӣ ва гузоштани даст болои Конститусияи ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд.

Қаблан танҳо президенти мамлакат ва кормандони сохторҳои қудратӣ савганди садоқат ёд карда буданд.

Мутобиқи тағйироти моҳи майи соли гузашта қабулшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳарду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Дар низоми хизмати давлатии Тоҷикисон ба аввали соли 2017 беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ кор мекарданд, ки 4200 нафар ё худ 22%ашро занон ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.