Азнавсозии шаҳри қадимаи тоҷикон Саразм ба таъхир афтод

Маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳатто ЮНЕСКО (Созмони СММ оид ба умури маориф, илм ва фарҳанг), ки соли 2010 Саразм ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии он дохил карда шуда, якумин чунин иншоот дар Тоҷикистон аст, низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намекунад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба ҳоли худ гузошта шудааст.

Ҳатто ЮНЕСКО (Созмони СММ оид ба умури маориф, илм ва фарҳанг), ки соли 2010 Саразм ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии он дохил карда шуда, якумин чунин иншоот дар Тоҷикистон аст, низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни суханронӣ назди ваиклони палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки амалисозии барномаи давлатии ҳанӯз соли 2012 аз ҷониби ҳукумат қабулшуда оид ба таъмиру азнавсозии шаҳраки Саразм имрӯз пурра боздошта шуда, барои ин дар буҷет маблағ нест.

Бино ба маълумоти ӯ, то соли 2020 барои амалисозии ин барнома ҷудо кардани 64 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ пешбинӣ гардида, то соли гузашта аз буҷет ҳамагӣ ба миқдори 17% аз ин маблағ ҷудо шудааст. «Умедвории мо аз ЮНЕСКО низ дар ин самт алҳол бенатиҷа анҷом ёфт», – иброз дошт ӯ.

Ба саволи вакилон доир ба масъалаи манзилҳое, ки аҳолии маҳаллӣ дар қаламрави иншоот сохтааст, вазир қайд кард, ки онҳо мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон бидуни ҳеҷ гуна ҷубронпулӣ кӯчонида мешаванд.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.