Дар Тоҷикистон тақсими бозори бонкӣ ҷараён дорад

Asia-Plus

Бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ба гумон аст, ки вақтҳои наздик ба худ омада, қомат рост кунанд: барои барқарор намудани дороиҳои худ ба онҳо солҳои зиёд лозим буда, гузашта аз ин, баргардонидани эътимоди мардум душвортар хоҳад буд. Дутои дигар бонкҳои Тоҷикистон – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуда, дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд. […]

Бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ба гумон аст, ки вақтҳои наздик ба худ омада, қомат рост кунанд: барои барқарор намудани дороиҳои худ ба онҳо солҳои зиёд лозим буда, гузашта аз ин, баргардонидани эътимоди мардум душвортар хоҳад буд.

Дутои дигар бонкҳои Тоҷикистон – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуда, дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар гузаштаи начандон дур – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» қариб нисфи бозори бонкиии кишварро ишғол мекарданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ин ташкилотҳои қарзӣ нахустин шуда миёни бонкҳои Тоҷикистон ҳатто ба рӯйхати 200 бонки беҳтарини паҳнои ИДМ шомил гардиданд.

Ба санаи 1 январи соли 2016 ҳаҷми дороиҳои «Агроинвестбонк» – 550 млн. доллар (21%-и тамоми дороиҳои низоми бонкии Тоҷикистон) ва «Тоҷиксодиротбонк» – 530 млн. доллар (тақрибан 20%-и тамоми дороиҳои низоми бонкии Тоҷикистон) арзёбӣ мешуданд.

Аммо бо гузашти ҳамагӣ ду сол ин бонкҳо дар ҳоли муфлисшавӣ қарор гирифтанд… Мавқеъҳои холишуда дар бозори хизматрасониҳои бонкиро фаъолона «навкорон»-и наздик ба ҳукуматдорони кишвар ишғол мекунанд…

Мавқеъҳои холишуда дар бозори хизматрасониҳои бонкиро маҳз киҳо ишғол хоҳанд кард? Дар ин бора аз шумораи наздиктарини газетаи «Азия-Плюс», ки аллакай пагоҳ, 4 май ба нашр мерасад, маълуфоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.