Шиносоии сарвари давлат бо ҷараёни корҳо дар нерӯгоҳи Роғун

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба ин шаҳр ташриф овард. Пазироии меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи саҳни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сипас Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср  шинос шуда, бо ҳайати муҳандисону кормандони техникии иншоот мулоқот карданд.

Шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеи банду басти маҷрои дарё ва ҷараёни  бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.

Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст. Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали Неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулони НБО “Роғун”, ҳамзамон бо иҷроиши корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ мегардад. Хабар дода шуд, ки то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 адад асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб гардидааст. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шудааст. Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводҳо ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО “Роғун”  дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин “Кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳар як сохтмончиву муҳандис дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар санаи 29- уми октябри соли 2016 сармашқи кор қарор дода, бобати дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои асосӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали ин иншоот имконоти мавҷударо мақсаднок истифода мебаранд.

Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи пешдарғоти НБО “Роғун”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии-Т22 шиносоӣ пайдо карданд. Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22, ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 м3 метри мукааб ҳобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст. Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метри тулонӣ мебошад.

Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад ва рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон имрӯз наздик ба 14 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...