ВМКБ: аз 1,5 ҳазор нафар ҳамагӣ 5 нафар 72-солагии Ғалабаро ҷашн гирифтанд

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун дигар тоҷикистониён ва мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок карданд. Давоми солҳои ҷанг беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба ҷанг даъват шуда, қариб аз нисф зиёди онҳо ба хонаҳояшон барнагаштанд. Бо гузашти 72 сол аз Ғалабаи Бузург аз 1,5 ҳазор нафари […]

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун дигар тоҷикистониён ва мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок карданд.

Давоми солҳои ҷанг беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба ҷанг даъват шуда, қариб аз нисф зиёди онҳо ба хонаҳояшон барнагаштанд. Бо гузашти 72 сол аз Ғалабаи Бузург аз 1,5 ҳазор нафари сокинони аз фронт баргаштаи вилоят ҳамагӣ 5 нафар собиқадорон боқӣ мондаанд.

Инҳо Додихудо Солеҳов аз Дарвоз, Мамадниёз Мухторов аз Ванҷ, Рамихудо Ҷаъфариев аз Рӯшон, Хусравбек Хишолбеков аз Роштқалъа ва Сафар Сайфов аз Ишкошим мебошанд. районов.

Дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Ғалаба, ки рӯзи 9 май дар Хоруғ баргузор шуд, собиқадорони ҷанг меҳмонони фахрии он шуданд. Дар ин чорабиниҳо беш аз 5 ҳазор нафар сокинону меҳмонони шаҳр иштирок карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.