Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон рӯзҳои 24-25 май дар Душанбе доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), санаи баргузории ҳамоиш дар вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро мувофиқа шудааст. Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аз намоиш ва […]

Ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон рӯзҳои 24-25 май дар Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), санаи баргузории ҳамоиш дар вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро мувофиқа шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аз намоиш ва форуми соҳибкорон таҳти унвони «Покистон – Тоҷикистон», ки соли гузашта дар Душанбе доир гардид, натиҷаҳои мусбат ҳосил шуда, бо ширкатҳои «Ҳасан индастрис» дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон таъсис додани корхонаи муштарак оид ба коркарди пӯст ва истеҳсоли маснӯот аз он созишнома ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот қайд шудааст, ки бо корхонаҳои вилояти Суғд дар бораи ҳамкорӣ миёни ширкати «Ҳасан индастрис» ва ТАЛКО бобати ба Покистон интиқол додани маҳсулоти ноқилӣ ва алюминий низ созишномаҳо ба тасвиб расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки барои ба таври қобили мулоҳиза афзудани ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон беҳбуди коммуникатсияҳои нақлиётӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон каме бештар аз 55 млн. долларро ташкил дода, давоми сол 14% кам шудааст. Дар муомилоти моли соли гузашта миёни кишварҳо беш аз 30 млн. доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ва 25 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.