Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон (солҳои 2005-2009), феълан роҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов «Мой таджикский народ» (Халқи тоҷики ман) доир мегардад;

– Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа консерти ҳунармандони ӯзбек баргузор мешавад;

– Дар Суди олӣ шикояти таҷдиди назари Ҷӯрахонова Рухсора, модари сарбози ҳалокшуда Қурбонов Ҷаҳонгир аз болои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки моҳи март содир шуд, баррасӣ мешавад;

– Дар кортҳои тенниси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (Боғи роҳиоҳанчиён) бозиҳои мусобиқаи «Тоҷикистон Опен» доир мегарданд. Оғози бозиҳо соати 09-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4998 сомонӣ;

1 евро – 9.2401 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1487 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси ноҳияи Ӯротеппа (феълан Истаравшан).

2004 – Бародарони собиқ яке аз фармондеҳони мухолифин Ризвон Содиров – Валиҷон ва Фахриддин аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

2009 — Бонки осиёгии рушд барои рушди манотиқи деҳоти Тоҷикистон 3,5 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

1931 — Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Холиқ Мирзозода.

1951 – Мавлуди адабиётшинос Азим Аминов.

1953 – Зодрӯзи актёри театр Холмурод Сиддиқов.

1955 – Мавлуди профессор Абӯмуталиб Бобоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...