Ивази вакили навбатӣ аз ҳизби ҳоким дар палатаи поёнии парлумон

Баъди таъини вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Дилшод Исматуллоев ба мансаб дар сохтори давлатӣ дар палатаи поёнии парлумон шахси нав пайдо мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ваколатҳои вакил Дилшод Исматуллоев, ки санаи 8 май бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроия Сарвари давлат таъин шуд, қатъ карда мешаванд. «Чун Исматуллоев моҳи марти […]

Баъди таъини вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Дилшод Исматуллоев ба мансаб дар сохтори давлатӣ дар палатаи поёнии парлумон шахси нав пайдо мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ваколатҳои вакил Дилшод Исматуллоев, ки санаи 8 май бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроия Сарвари давлат таъин шуд, қатъ карда мешаванд.

«Чун Исматуллоев моҳи марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ вакил интихоб шуд, бо қатъи ваколатҳо ҷояшро дар парлумон бидуни баргузории интихоботи нав номзади навбатӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ ишғол мекунад ва ин номзад узви ҲХДТ, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова мебошад», – хабар дода ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ.

Дилшод Исматуллоев сеюмин вакили даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумон аз ҲХДТ аст, ки дар робиита ба таъинот ба мансаб дар сохтори давлатӣ курсии вакилиро тарк мекунад.

Қаблан ваколатҳои Пӯлод Муҳидддинён қатъ шуда буд: 13 октябри соли 2016 бо фармони президент ӯ директори Гурӯҳи амалисозии лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти ҶТ таъин шуд. Ваколатҳои ӯ ба Фирӯза Шарифӣ гузаштанд, ки ба ҳайси сардори Раёсати кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ фаъолият мекард.

Моҳи июни соли 2015 дар робита ба раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шудан, курсии вакилиро Низом Қосим низ холӣ кард. Ҷои ӯро бидуни баргузории интихобот номзади навбатии ҲХДТ, Ҳунарманди халқӣ Миралӣ Достиев ишғол кард.

Ёдрас мекунем, ки дар интихоботи 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ – 16 нафар, Ҳизби аграрӣ – 3 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 2 нафар ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 нафар вакилони палатаи поёнии парлумон интихоб шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.