Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои Данғара шинос мешавад

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раҳсипор гардид.

Бино ба иттилои хадамотиматбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Сангтӯда бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, боз як мактаби наву замонавӣ дар мамлакат, ки аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд шудааст, расман оғоз бахшид.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин мактаб Сарвари давлат изҳор намуд, ки дар ин муассисаи нави таълимӣ барои таълиму тарбия ва рушди нерӯи зеҳниву ҷисмонии шогирдон утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, китобхонаву маҷлисгоҳ ва толору майдони варзишӣ бо беҳтарин шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок карда, ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин маросим зикр кард, ки бо мақсади рушди бомароми соҳаи маориф якчанд барномаи давлатӣ қабул ва татбиқ карда шуда, аз ҷумла соли гузашта ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 қабул карда шуд.

Дар деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Сарвари давлат бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуда, иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи ду солҳои 2008-2016 амалӣ гардида, лоиҳаи марҳилаи якум солҳои 2001-2006-ро дар бар мегирад ва ҷамъи заминҳои азхудкардашуда ва обёрӣ гардида дар ду марҳила зиёда аз 4200 гектарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки марҳилаи 3-юми татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара”аллакай оғоз гардида дар соли 2017 маблағи 381,4 ҳазор доллари ИМА ва аз аввали марҳила бошад 2849,2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи марҳилаи сеюм азхуд намудани 1750 га заминҳои нав дар назар аст, ин имконияти таъсиси боз 8 ҳазор ҷойи нави кории иловагиро фароҳам меоварад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...