Зебоку Ишкошим таҳти назорати Кобул қарор гирифт

Пас аз амалиёти 11-рӯза Кобули расмӣ изҳор намуд, ки ду вулусволӣ ё худ ноҳия – Зебок ва Ишкошим дар музофоти Бадахшони ин кишвар аз ҷангҷӯёни толибон поккорӣ шуданд. Бино ба иттилои хабаргузории TOLOnews, ноҳияҳои Варҷуҷ ва Ямғон алҳол зери назорати Толибон қарор дошта, онҳо ҳамчунин дар баъзе дигар ноҳияҳои Бадахшон низ ҳузур доранд. Дар робита […]

Asia-Plus

Пас аз амалиёти 11-рӯза Кобули расмӣ изҳор намуд, ки ду вулусволӣ ё худ ноҳия – Зебок ва Ишкошим дар музофоти Бадахшони ин кишвар аз ҷангҷӯёни толибон поккорӣ шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории TOLOnews, ноҳияҳои Варҷуҷ ва Ямғон алҳол зери назорати Толибон қарор дошта, онҳо ҳамчунин дар баъзе дигар ноҳияҳои Бадахшон низ ҳузур доранд.

Дар робита ба Кундуз манбаи TOLOnews гуфтааст, 9 километри ин минтақа аз дасти толибон гирифта шуда, дар маҷмӯъ аз 9 ноҳия 4-тои он зери назорати толибон аст ва дар 20 маҳаллаи аҳолинишин нуфузи онҳо зиёд мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷангҷӯёни толибон ба нерӯҳои артиши Афғонистон аз чанд самт ҳамла карда, дар натиҷа як қисмате аз нерӯҳои артиши ҳукумат бо камбуди силоҳу муҳимот ва ғизо дучор шудаанд.

Ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшон ҳамроҳ бо маркази маъмурӣ рӯзи 28 апрел таҳти тасарруфи Толибон қарор гирифта буданд. Дар Ишкошим низ толибон фаъол буданд. Рӯзи 6 май ҷангҷӯёни толибон ноҳияи Қалъаи Золро ишғол намуданд, ки дар марз бо мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-и Тоҷикистон воқеъ аст.

То имрӯз марзбонони тоҷик ҳеҷ як иғвоеро дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби Афғонистон ба қайд нагирифтаанд. Марз таҳти назорати пурзӯр қарор дорад.

Ба бемористони Ишкошими Тоҷикистон 11 афсари маҷрӯҳшудаи Афғонистон интиқол дода шуда, яке аз онҳо бар асари ҷароҳатҳои вазнин ҳалок шуд. Ба ҳамаи онҳо бепул кумаки тиббӣ расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.