Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел

Asia-Plus

Дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Малта Георг Велла, ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо, роҳбарӣ кард.

Гуфта мешавад, рӯзномаи ҷаласа баррасии ҷанбаҳои калидии шарикӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкориҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муҳокима намуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...