Намоиши «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» дар Душанбе

АМИТ "Ховар"

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоиши «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар намоишгоҳ беш аз 15 донишгоҳи бонуфузи Қазоқистон ба хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ, хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик дар бораи мактабҳои олии худ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло  Мирбобоев иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф ҳамкории зич дорад.

«Мо  таҷрибаи Қазоқистонро дар соҳаи маориф мавриди итифода қарор додаем. Инчунин мо омӯзгорон ва кормандони вазоратро барои таҷрибаандӯзӣ ба Қазоқистон доим  сафарбар менамоем ва онҳо таҷрибаи андӯхтаи худро баҳри пешбурди соҳаи маориф   истифода мебаранд.   Бояд гуфт, ки мо таҷрибаи стипендияи президентии қазоқҳоро  омӯхта,  стипендияи  президентии  «Дурахшандагон»-ро  барои донишҷӯёни тоҷики дар хориҷа таҳсилкунанда таъсис додем. Ин барои мо таҷрибаи хуб буд.  Хурсандиовар аст, ки дар Қазоқистон барои шаҳрвандони  тоҷик стипендия ва квотаҳо барои таҳсил ҷудо карда мешаванд. Ин квотаҳо барои касбу соҳаҳое, ки ҳанӯз дар мактабҳои олии Тоҷикистон роҳандозӣ нашудаанд, хеле зарур ва саривақтианд. Намоишгоҳи имрӯза  имкон медиҳад, ки мо  ҳамкории мутақобилан судмандро боз ҳам бештар ба роҳ монем. Умедворам, ки  ҷавонони мо дар Қазоқистон таҳсил карда,  таҷрибаи ин кишварро пас аз хатм дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд»,-илова намуд муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноиби президенти Ҷамъияти саҳомии  «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Торебекова зикр намуд, ки  имрӯз 17 мактаби олӣ ба маърази шаҳрвандони Тоҷикистон як қатор ихтисосҳоро пешниҳод намуданд.

«Мебинем, ки ҷавонон ба ин намоишгоҳ таваҷҷуҳ доранд ва  аллакай аз субҳ ҷамъ омадаанд. Фикр мекунам,  ки имрӯз ғайр аз ҷалби ҷавонон ба мактабҳои олии Қазоқистон,  инчунин байни донишгоҳҳо созишномаҳо ва дигар ҳамкории судманд  ба имзо расонида мешаванд»,-афзуд Зулфия Торебекова.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов  баён дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми мамлакат барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷа барномаҳои зиёдро тарҳрезӣ намудаанд.

«Имрӯз мактабҳои олии Қазоқистон барои таҳсили донишҷӯён  тамоми  имкониятҳои инноватсиониро роҳандозӣ карда, роҳҳои  муосири таҳсилро пешниҳод мекунанд. Фикр мекунам, мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯёни хориҷӣ афзалиятҳои хуб пешкаш менамоянд. Маблағе, ки  ҳангоми таҳсил дар кишвари мо сарф мешавад, нисбат ба таҳсил дар Россия камтар буда, барои донишҷӯёни хориҷӣ тахфифҳои махсус низ роҳандозӣ шудаанд»,- зикр намуд Нурлан Сейтимов.

Сафир инчунин пешниҳод намуд, ки намоишгоҳи «Рӯзи маорифи Казоқистон» анъанавӣ гашта, дар Тоҷикистон  ҳар сол гузаронида шавад.

Хотиррасон мекунем, ки намоишгоҳ то 16 май идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он дар бораи мактабҳои олии ин кишвар маълумоти пурра ба даст оранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...