Натиҷаи ҳамоиши бузург: ҳудуди 70 кишвар бо Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкории байнулмилалии «Як камарбанд ва як роҳ» дар Пекин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳудуди 70 кишвар бо Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ зикр кардааст, ки Чин ихтисоси 124 […]

Радиои Озодӣ

Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкории байнулмилалии «Як камарбанд ва як роҳ» дар Пекин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳудуди 70 кишвар бо Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ зикр кардааст, ки Чин ихтисоси 124 миллиард доллар маблағро ба ташаббуси нави тиҷоратии худ ваъда дода, ин роҳ қарор аст Африқоро бо Осиё ва Аврупо тавассути шабакаҳои бандарӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва паркҳои саноатӣ бипайвандад.

Президенти Русия  Владимир Путин аз ин ташаббус пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки дар шароити чолишҳои имрӯзаи иқтисодӣ ин ҳамкорӣ хеле зарур буда, Русия ният дорад дар ин тарҳ пурра ширкат кунад.

Гуфта мешавад, дар миёни раҳбарони ҷумҳуриҳои дигари собиқи шӯравӣ дар ҳамоиши Пекин президентони Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон – Алмосбек Отамбоев ва Беларус – Александр Лукашенка иштирок карданд. Ҳукуматҳои ғарбии назири Бритониё, Фаронса ва Олмонро раҳбарони калони соҳаи молии ин кишварҳо намояндагӣ карданд. Аз ИМА мушовири аршади Кохи Сафед иштирок дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.