WannaCry ба компютерҳо дар Тоҷикистон ҳамла кард?

Вируси глобалии WannaCry дар муддати се рӯз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифт. Бо 300 доллар корбарон метавонанд астрасӣ ба компютери худро барқарор кунанд. Бино ба иттилои нашрияи Newsader, 95%-и паҳншавии ин вирус ба Русия рост омада, таъсири он ба Украина, Ҳиндустон, Тайван ва Тоҷикистон хеле камтар аст. Дар сомонаи intel.malwaretech.com метавон […]

asia+, asia+

Вируси глобалии WannaCry дар муддати се рӯз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифт. Бо 300 доллар корбарон метавонанд астрасӣ ба компютери худро барқарор кунанд.

Бино ба иттилои нашрияи Newsader, 95%-и паҳншавии ин вирус ба Русия рост омада, таъсири он ба Украина, Ҳиндустон, Тайван ва Тоҷикистон хеле камтар аст.

Дар сомонаи intel.malwaretech.com метавон тариқи онлайн паҳншавии ин вирусро пайгирӣ намуд. Тоҷикистон низ ба сафи кишварҳое шомил шудааст, ки давоми 24 соати ахир мавриди ҳамлаи WannaCry қарор гирифтааст. Тибқи маълумоти ин портал, аз ин вирус дар Тоҷикистон се компютер олуда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вируси WannaCry, ки бо суръати бесобиқае дар саросари ҷаҳон паҳн шуда,то 200 ҳазор компютерро олуда кардааст, то ба як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – ба ноҳияи Фархор ҳам расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаи васеи кибернетикӣ, ки рӯзи 12-уми май дар бештар аз 70 кишвар шурӯъ шуд, ба кори шабакаҳои бонкҳо, бемористону муассисаҳои давлатӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон аз ҷумла Русия, Фаронса, Бритониё осеб расонд. Дар Бритониё, баъзе аз шифохонаҳо маҷбур шуданд, амалиёти ҷарроҳиро ба таъхир андозанд, зеро аз дастрасӣ ба маълумот доир ба беморон маҳрум шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.