Нахустин тамринҳои низомии Маркази зиддитеррористии ИДМ дар Тоҷикистон

Аз 30 май то 1 июн дар ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли тамринҳои байнулмилалии «Душанбе – Зиддитеррор – 2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод мебошад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни тамринҳо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 30 май то 1 июн дар ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли тамринҳои байнулмилалии «Душанбе – Зиддитеррор – 2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни тамринҳо гурӯҳи муштараки нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистону Русия бо дастгирии авиатсия тарзу усулҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар мавзеи кӯҳистон ва ҳамчунин таркибҳои амалиёти таъмини сулҳу осоиштагиро мавриди омӯзиш ва дар амал месанҷанд.

Зикр гардид, ки айни замон масъалаи шумори сарбозону афсарон, техникаи низомӣ ва авиатсияи ба ин тамринҳо ҷалбшуда мувофиқа мешавад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки машқҳо моҳҳои май ва июн дар қаламрави 6 кишвар (Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) баргузор шуда, дар ҳамин ҳол, марҳилаи ниҳоии тамринҳо дар Тоҷикистон доир мегарданд.

Барои иҷрои вазифаҳои дар тамрин гузошташуда имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон пурзӯр карда мешавад. Ба мавзеъҳои тамрин нуқтаҳои зудамали идоракунӣ, воҳидҳои гуногуни авиатсия ва артиллерия, ҳамчунин нерӯҳои таъиноти махсус ва воҳидҳои ҳавоӣ-десантӣ сафарбар мешаванд.

Амалиёти гурӯҳҳои муштараки нерӯҳои низомиро муҳандисон, табибон, мутахассисони низомӣ ва воҳидҳои ҳимояи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва ғайра таъмин мекунанд.

Ҳамоҳангсози амалиёти тамринҳои низомӣ Кумитаи давлатии амнияти милллии Тоҷикистон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.