Ду ҷамоати Ванҷ бо барқи доимӣ таъмин шуд

Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди таъмиру навсозӣ Нерӯгоҳи хурди барқи обии «Техарв» бо иқтидори 450 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обӣ роҳбарияти вилояти Бадахшон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Гуфта мешавад, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ […]

АМИТ «Ховар»

Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди таъмиру навсозӣ Нерӯгоҳи хурди барқи обии «Техарв» бо иқтидори 450 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обӣ роҳбарияти вилояти Бадахшон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова зикр намуд, ки барои навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир васлу насб кардани  нерӯгоҳ 1 млн. доллар  сарф шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди мавриди истифода қарор гирифани ин нерӯгоҳ  имкон даст дод, ки сокинони ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Ванҷ бо қувваи барқи доимӣ таъмин шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.