Акнун наздикони аъзои ҳукумат низ аз даромадҳояшон маълумот медиҳанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо пешниҳоди ҳукумат мансабдорони давлатӣ ва хешовандони онҳо ҳамасола ба пур кардани эъломия дар бораи даромадҳо ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти андоз уҳдадор мешаванд. Лоиҳаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон»-ро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар […]

Бо пешниҳоди ҳукумат мансабдорони давлатӣ ва хешовандони онҳо ҳамасола ба пур кардани эъломия дар бораи даромадҳо ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти андоз уҳдадор мешаванд.

Лоиҳаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон»-ро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, мувофиқи ин тағйирот, дар баробари аъзои ҳукумат хешовандони наздики онҳо низ уҳдадор мешаванд, ки ҳамасола эъломия дар бораи даромадҳояшонро тартиб дода, ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.

Ғайр аз ин, барои риоя накардани савганди садоқат ба президент аъзои ҳукумат ба масъулияти интизомӣ ҷалб карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти моҳи майи соли гузашта қабулшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳарду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Шурӯъ аз ҳамин сол беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд. Чунин аст талаботи тағйирот ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ». Қаблан танҳо президент ва кормандони сохторҳои қудратӣ савганди садоқат ёд мекарданд.

Дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистон ба аввали соли 2017 беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ кор мекарданд, ки 4200 нафар ё худ 22%ашро занон ташкил медиҳанд.

Ҳанӯз чанд сол қабл бо супориши президент хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро уҳдадор карда буданд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 32) ва «Дар бораи мубориза бо коррупсия» (моддаи 8), ҳамасола дар бораи даромад ва сарчашмаҳои ба даст омадани онҳо ба мақомоти андоз ҳисобот диҳанд.

Ғайр аз ин, соли 2015 ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағийрот ворид гардид, ки мутобиқи он ба мансабдорони давлатӣ кушодани суратҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ ва харидани амволи ғайриманқул дар хориҷи кишвар манъ шуд, ки ҳадафаш «роҳ надодан барои берун рафтани воситаҳо аз Тоҷикистон» арзёбӣ мешуд.

Он замон зикр гардида буд, ки мансабдорони дорои суратҳисоб дар бонкхои хориҷӣ ё амовли ғайриманқул дар берун аз ҳудуди мамлакат аз ҳаққи ишғоли вазифа дар сохторҳои давлатӣ маҳрум мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.