Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Дабири кулли Созмони Милаи Муттаҳид Антониу Гуттериш нимаи моҳи июн ба кишварҳои минатқаи Осиёи Марказӣ сафар анҷом медиҳад. ВАО-и Ӯзбекистон бо такя ба гуфтаҳои роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов дар ин бора маълумот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, маркази таҳти раҳбариаш қарордошта ташаббускори сафари Дабири кулии СММ ба […]

Asia-Plus

Дабири кулли Созмони Милаи Муттаҳид Антониу Гуттериш нимаи моҳи июн ба кишварҳои минатқаи Осиёи Марказӣ сафар анҷом медиҳад. ВАО-и Ӯзбекистон бо такя ба гуфтаҳои роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов дар ин бора маълумот додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, маркази таҳти раҳбариаш қарордошта ташаббускори сафари Дабири кулии СММ ба ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, «то ки ба мушкилоти минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад».

«Ин гувоҳи таваҷҷуҳи зиёди раҳбарияти СММ ба минтақа ва омодагӣ ба мусоидат дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда мебошад», – иброз доштааст дипломат.

Драганов қайд кардааст, ки тӯли давраи сипаришуда Марказ оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ даҳҳо семинару мизҳои гирди байнулилалӣ доир намуда, ҳамчунин дар соҳаи дипломатияи боздоранда беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода кардааст.

«Дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо садҳо марҳилаҳои гуфтушунид баргузор гардиданд, ки ба рафъи ихтилофҳо ва наздикшавии мавқеъҳо нигаронида шуда буданд», – гуфтааст раҳбари Марказ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.