Ҷаласаи Мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистон ва Россия дар Сочи

Рӯзҳои 15-16-уми май дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикисотон, дар ҷаласа масъалаҳои мубориза […]

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзҳои 15-16-уми май дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикисотон, дар ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамкории байни Сармарказҳои иттилоотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович оғоз намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам таҳким меёбанд.

Ин ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, зикр кард, ки бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

Дар рафти ҷаласа сардори Сармаркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Боймаҳмадзода Музафар ва сардори Сармаркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-майори хизмати дохилӣ Важев Павел Анатольевич баромад карда, оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти мубодилаи иттилот таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Мушовараи якҷоя Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио