Як вазири Исроил ба қатли Башор Асад даъват кард

Asia-Plus

Вазири сохтмони Исроил, генерал-майори мустаъфӣ ва собиқ фармонеҳи яке аз ҳавзаҳои низомии артиши ин кишвар Йоав Галант ба қатли президенти Сурия Башор Асад даъват кард. Дар ин бора Медуза бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад. «Имрӯзҳо дар Сурия вазъе ҷорӣ аст, ки одамонро мекушанд, нисбати онҳо аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода мебаранд ва охирин маълумоте, ки […]

Вазири сохтмони Исроил, генерал-майори мустаъфӣ ва собиқ фармонеҳи яке аз ҳавзаҳои низомии артиши ин кишвар Йоав Галант ба қатли президенти Сурия Башор Асад даъват кард. Дар ин бора Медуза бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад.

«Имрӯзҳо дар Сурия вазъе ҷорӣ аст, ки одамонро мекушанд, нисбати онҳо аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода мебаранд ва охирин маълумоте, ки мо аз он огаҳӣ пайдо кардем, ҷасади кушташудагон сӯзонида мешавад, – гуфтааст Галант дар конфронс дар мавзӯи амнияти Исроил. – Ба ин монанд ҳолатро тӯли 70 соли ахир касе дар ҷаҳон надида буд».

Гуфта мешавад, Галант саҳеҳан зикр накардааст, ки ин кор аз ҷониби кӣ бояд анҷом дода шавад. Дар ҳукумати Исроил аз шарҳи гуфтаҳои вазир худдорӣ варзидаанд.

Санаи 15 май ёвари котиби давлатии ИМА дар Шарқи Наздик Стюарт Ҷонс изҳор намуд, ки дар зиндони низомии наздикии Димишқ бино (крематорий)-е сохта шудааст, ки дар он ҷасади кушташудагонро месӯзонанд.

Ба гуфтаи Ҷонс, дар зиндон ҳамарӯза бо шумули аҳолии осоишта аз 50 то 80 нафар ба қатл расонида шуда, бо ин амал ҳукумати Сурия миқёси бузурги ҷиноятҳои низомиро рӯйпӯш карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?