Дар Кӯлоб ин дафъа корманди милитсияро лату кӯб карданд

Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзода назди манзилаш аз ҷониби ду нафар шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, шаби 16 май ду нафар афродни номаълум ба корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дарафтода, ӯро лату кӯб кардаанд. «Ин ҳодиса замоне […]

Asia-Plus

Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзода назди манзилаш аз ҷониби ду нафар шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, шаби 16 май ду нафар афродни номаълум ба корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дарафтода, ӯро лату кӯб кардаанд.

«Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки Марям Шарифзода аз хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ барои пулгузаронӣ ба телефонаш ба кӯча баромадааст, – гуфт манбаъ. – Ду нафар мардон ба ӯ ҳамла карда, бо пойҳояшон ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Айни замон ҷабрдида дар бемористон аст».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз рӯи ин далел тафтишот оғоз шудааст.

Қаблан дар Кӯлоб шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.