Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Аксияи умумиҷумҳуриявии «Рӯзи боздид аз осорхонаҳо». Ҳамаи хоҳишмандон бепул аз осорхонаҳои кишвар боздид карда метавонанд. Аз соати 18:00 то 22:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шабе дар осорхона» доир мегардад; – Барномаи Фестивали VI байнулмилалии театрҳои ҷавонони «Нигоҳи нав» идома меёбад. Спектаклҳо дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиш дода мешаванд. Оғоз […]

АНОНС

– Аксияи умумиҷумҳуриявии «Рӯзи боздид аз осорхонаҳо». Ҳамаи хоҳишмандон бепул аз осорхонаҳои кишвар боздид карда метавонанд. Аз соати 18:00 то 22:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шабе дар осорхона» доир мегардад;

Барномаи Фестивали VI байнулмилалии театрҳои ҷавонони «Нигоҳи нав» идома меёбад. Спектаклҳо дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиш дода мешаванд. Оғоз соати 11:00;

– Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №101-и шаҳри Душанбе оид ба донистани забони чинӣ озмун баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00;

– Дар маркази савдои «Мӯниса» ярмаркаи сарулибоси тӯёна барпо мешавад. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4990 сомонӣ;

1 евро – 9.4364 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1524 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо

1937 – Ифтитоҳи намоишгоҳи сеюми ҷумҳуриявии рассомони Тоҷикистон.

2009 — Парлумон ба қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд нигаҳдории чорвои калону хурди шохдор ва паррандаҳои хонагӣ дар қаламрави пойтахт манъ карда шуд.

2010 — Ӯзбекистон бори навбатӣ убури қатоарҳои Тоҷикистон тариқи қаламраваш ба самти вилояти Хатлонро боздошт.

1048 — Мавлуди шоири форсу тоҷик, файласуф, риёзидон, табиб ва мусиқишинос Умари Хайём.

1938 — Зодрӯзи адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов.

1941 – Мавлуди журналист ва нависанда, арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нурмуҳаммад Табаров/

1954 – Зодрӯзи журналист Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Оила – «Тоҷикистон».

1972 – Мавлуди журналист, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳи Исмоил.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, субҳ ва рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Танҳо барои мошинҳои боркаш. Дар ду даромадгоҳи Душанбе низоми вазнченкунӣ насб мекунанд

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад....

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.