Дар Тоҷикистон иммунизатсияи иловагии кӯдакон бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ҷараён дорад

Дар Тоҷикистон аз 15-ум то 26-уми майи соли равон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ҷараён дорад. Ин маъракаи муҳим қариб 2 миллион кӯдаки аз 1 то 9-соларо дар саросари кишвар фаро мегирад. Аз ҷумла, кӯдаконе ҳам иммунизатсия карда мешаванд, ки қаблан чунин ваксина гирифта буданд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 15-ум то 26-уми майи соли равон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ҷараён дорад. Ин маъракаи муҳим қариб 2 миллион кӯдаки аз 1 то 9-соларо дар саросари кишвар фаро мегирад. Аз ҷумла, кӯдаконе ҳам иммунизатсия карда мешаванд, ки қаблан чунин ваксина гирифта буданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, мақсади гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳви бемориҳои сурхча ва гулафшон, инчунин пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Тоҷикистон мебошад.

«Аз охири соли 2016 инҷониб дар як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон 415 нафар гирифтори бемории сурхча шуданд. Ҳамаи беморон шифо ёфта, аҳли оилаҳои онҳо ва ҳамаи шахсони дар тамосбуда ваксина карда шуданд. Барои пешгирии паҳншавии барангезандаи он, бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 апрели соли 2017, №215 ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 15-ум то 26-уми майи соли равон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронида мешавад. Дар давоми 12 рӯз ҳамаи кӯдаконе, ки аз моҳи январи соли 2008 то моҳи майи соли 2016 таваллуд шудаанд, ба иммунизатсияи ройгон фаро гирифта мешаванд. Чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҶТ ва Ташаббуси глобалии мубориза бо бемориҳои сурхча ва гулафшон, инчунин бо кӯмаки машваратӣ ва техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) амалӣ мегардад», – изҳор дошт Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода.

Тибқи натиҷаи банақшагирии хурд, дар Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ 1 миллиону 969 ҳазору 124 нафар кӯдакони синнашон аз 1 то 9-сола ба иммунизатсия фаро гирифта мешаванд, ки барои ин 2 164 500 вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Ин ваксина босифату бехатар буда, ба ҳар як кӯдак бо истифода аз сӯзандоруи якдафъаина ворид карда мешавад. Чунин сӯзандору худмаҳвшаванда мебошад ва пас аз истифодаи аввал, корбурди он ғайриимкон аст.

«Хазинаи кӯдакони СММ танҳо ваксинаҳоеро харидорӣ кардааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба истеҳсоли онҳо иҷозат додааст ва ҷавобгӯйи баландтарин меъёрҳои байнулмилалӣ мебошанд, – иброз дошт Муовини сарвари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Марҷон Мунтазамӣ. – Барои маъракаи зидди сурхча ва гулафшон теъдоди зарурии сӯзандору ва қуттиҳои маҳви бехатар низ таъмин карда шудааст».

Пас аз ворид кардани ваксина, бадани инсон бар зидди барангезандаи беморӣ масуният, яъне қобилияти муҳофизатӣ ва сироятнопазирӣ ҳосил мекунад. Иммунизатсия усули беҳтару осонтар ва арзонтар аз табобат буда, ҳар сол дар ҷаҳон боиси наҷоти қариб 3 миллион кӯдакон аз марг ва 750 ҳазор хурдсолон аз маъюбӣ мешавад.

Масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки иммунизатсия комилан ройгон (бепул) аст. Он дар муассисаҳои тиббии маҳалли зист ва нуқтаҳои иловагие, ки дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ ташкил шудаанд, инчунин ба воситаи бригадаҳои сайёри тиббӣ гузаронида мешавад.

«Мо аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро ба муассисаҳои тиббии маҳалли зисташон бурда, ваксина кунанд. Гузаронидани иммунизатсия ягона роҳи пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад», – иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи намояндагони ин мақомот, ваксинаи зидди сурхча ва гулафшон комилан безарар мебошад, аммо хавфи пайдоиши оризаҳо вуҷуд дорад. Масалан, пас аз иммунизатсия он ҷое, ки сӯзан ворид шудааст, каме дард пайдо карда, ҳарорати кӯдак то андозае баланд шуда метавонад, инчунин бемадорӣ мушоҳида мешавад. Вале ҳамаи ин ҳолатҳо муваққатӣ буда, баъд аз якчанд рӯз мегузаранд. Дар сурати ба амал омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, шаҳрвандон метавонанд ба кормандони муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намоянд.

Бемории сурхча ба ҷони инсон хатар дорад: тибқи маълумоти Cозмони ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2015 дар ҷаҳон 134 200 мубталои он ба ҳалокат расиданд. Аммо бо ёрии иммунизатсия аз соли 2000 то 2015 дар кишварҳои гуногуни олам 20,3 миллион ҳодисаи ин беморӣ пешгирӣ шудааст.

Сурхча бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки аз шахси бемор ҳангоми гуфтугӯ, атсазанӣ ва сулфа бо роҳи ҳавоӣ-қатраӣ ба одамони бар зидди он масуниятнадошта мегузарад. Нишонаҳои он баландшавии ҳарорати бадан (то 39 дараҷа ва аз ин ҳам баландтар), сулфа, обравии бинӣ, сурхшавии чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх дар пӯсти бадан мебошад. Ин беморӣ оризаҳо ва пайомадҳои вазнин дошта, дар баъзе ҳолат ба илтиҳоби шуш, дарди гӯш ва омоси мағзи сар оварда мерасонад.

Гулафшон бемориест, ки роҳҳои сироят ва нишонаҳои он ба сурхча шабоҳат доранд. Маъмулан, кӯдакон бемории гулафшонро сабук мегузаронанд. Бо вуҷуди ин, кӯдаки бемор паҳнкунандаи барангезандаи (вируси) гулафшон шуда метавонад.

Бемории гулафшон ба занони ҳомила хатари ҷиддӣ дорад, зеро барангезандаи он метавонад ба тамоми узвҳои тифли дар батни модарбуда осеб расонад. Агар зан дар нимаи аввали ҳомиладорӣ, хусусан, дар се моҳи аввал гирифтори бемории гулафшон шавад, ин метавонад боиси қатъи ҳомиладорӣ ва ё таваллуди тифли мурда шавад. Дар ҳолати зинда ба дунё омаданаш ҳам, тифли ношунаво, нобино ва ё дорои нуқсони модарзодии дил хоҳад буд. Духтар ё ҷавонзане, ки гирифтори гулафшон нашудааст, ё ваксинаи зидди онро нагирифтааст, бояд пеш аз ҳомиладорӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.