Вазорати нақлиёт ба парвози ҳавопаймоҳои «Ямал» иҷоза дод

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» аз 1 июл ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оғоз мекунад. «Мо парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мувофиқа кардем, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ. – Дар як ҳафта се […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» аз 1 июл ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оғоз мекунад.

«Мо парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мувофиқа кардем, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ. – Дар як ҳафта се парвоз ба Душанбе ва се парвоз ба Хуҷанд анҷом дода мешавад».

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба муовини директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Ямал» Иля Лебедев, санаи оғози парвозҳо ба самтҳои Душанбе ва Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский 1 июл муқаррар шуда, фурӯши билетҳо аз 18 май шурӯъ мешавад.

Охири моҳи апрел мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Аз рӯзи 3 май ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбе ва Хуҷанд ба пойтахти Русия хабар дод.

Баҳсҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия рӯи ин масъала қариб ним сол дома ёфтанд: моҳи декабр Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жукрвский ба Тоҷикистон иҷоза надода, дар навбати худ, Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон фурудгоҳи Жуковскийро минтақавӣ шуморида, баробарии парвозҳоро танҳо дар фурудгоҳҳои мансуб ба шаҳри Маскав эътироф мекунад. Тибқи қонунгузории Русия, фурудгоҳи Жуковский ба вилояти маскав мансуб аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.