Иштироки футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии Сочи

Аваз Юлдошев

Мунтахаби футболи наврасони  Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии дӯстона дар шаҳри Сочи иштирок мекунад, ки дар арафаи бозиҳои Ҷоми Конфедератсия доир мегардад. Бино ба иттилои ФФТ, мусобиқа аз 29 май то 2 июн бо иштироки дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодар баргузор мешавад. Бозиҳо ду қисм 40-дақиқагӣ дар […]

Мунтахаби футболи наврасони  Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии дӯстона дар шаҳри Сочи иштирок мекунад, ки дар арафаи бозиҳои Ҷоми Конфедератсия доир мегардад.

Бино ба иттилои ФФТ, мусобиқа аз 29 май то 2 июн бо иштироки дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодар баргузор мешавад. Бозиҳо ду қисм 40-дақиқагӣ дар варзишгоҳи «Юност» барпо мешаванд.

Тибқи муқаррароти мусобиқа, бозиҳо дар як давр доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ду дастаи беҳтарин дар бозии финалӣ ва ду дастаи боқимонда барои ишғоли зинаи сеюм бозӣ мекунанд. Бозии аввалини худро дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 29 май бо тими Арманистон баргузор мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон як марҳилеи омодагӣ ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин даври интихобӣ ҳарифони тими Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.