Қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2,3 млрд. доллар наздик мешавад

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли равон 2 млрд. 284,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аввали сол андозаи он ба 2 млрд. 274,1 млн. доллар баробар буд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ 2 млрд. 107,8 млн. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли равон 2 млрд. 284,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аввали сол андозаи он ба 2 млрд. 274,1 млн. доллар баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ 2 млрд. 107,8 млн. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 23,3млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 121,6 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 108 млн. доллар – ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 9 млн. доллар – ба Чин ва боз 4,6 млн. доллар – ба Бонки исломии рушд.

То охири сол Тоҷикистон ният дорад, ки аз сарчашмаҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 215 млн. доллар маблағгузорӣ ҷалб намояд. Дар ҳамин ҳол, барои пардохти қарзи беруна равона кардани ҳамагӣ ҳудуди 140 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ – 294 млн. доллар, Бонки осиёгии рушд – 225 млн. доллар, Бонки исломии рушд – 110 млн. доллар ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 108 млн. доллар қарздор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.