Вохӯрии сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ дар Қазон

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 25-26 май таҳти раёсати сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри Қазон доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори ҷаласаи мазкур Қоҳир Расулзода бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 25-26 май таҳти раёсати сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри Қазон доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори ҷаласаи мазкур Қоҳир Расулзода бо чанде аз ҳамтоҳои худ аз давлатҳои ИДМ дидору гуфтушунид мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии 13 лоиҳаи санадҳои марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои инноватсия, таъмини бехатарии нақлиёт, истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, омодакунии мутахассисон дар соҳаҳои геодозия, харитасозӣ ва ғайра дар назар аст.

Ғайр аз ин, сарвазирон санадҳои марбут ба танзими ҳамкориҳо дар соҳаҳои радионавигатсия, муқовимат ба истеҳсол ва паҳнкунии маҳсулоти қалбакӣ ва ҳимояи моликияти зеҳниро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.