Ифтитоҳи Маркази хизматгузории истеъмолгарони барқ дар Дарвоз

Дар маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз рӯзи 23 май Маркази нави хизматгузории истифодабарандагони барқ ба фаъолият шурӯъ кард. Маркази аз ҷониби ширкати «Помир энержи» ифтитоҳшуда ба хизматгузории хушсифати беш аз 684 хонаводаҳо (ҳамагӣ зиёда аз 3 670 аҳолӣ), ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва хусусии ноҳия имкон фароҳам меоварад. «Яке аз вазифаҳои муҳими ширкати «Помир энержи» беҳбуди сифати хизматгузорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз рӯзи 23 май Маркази нави хизматгузории истифодабарандагони барқ ба фаъолият шурӯъ кард.

Маркази аз ҷониби ширкати «Помир энержи» ифтитоҳшуда ба хизматгузории хушсифати беш аз 684 хонаводаҳо (ҳамагӣ зиёда аз 3 670 аҳолӣ), ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва хусусии ноҳия имкон фароҳам меоварад.

«Яке аз вазифаҳои муҳими ширкати «Помир энержи» беҳбуди сифати хизматгузорӣ ба истеъмолгарон тавассути истифодаи методҳои пешрафтаи ташкили кор мебошад, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкат. – Қадами нахустин дар ин самт ифтитоҳи нуқтаҳои қабули пардохтҳо дар шаҳри Хоруғ буд».

Бо роҳандозии ин иқдом акнун сокинони маҳаллаҳои сераҳолӣ бидуни сарфи вақту пул барои то бонк рафтан, имкон пайдо карданд, ки дар ин нуқтаҳои нави қабули пардохтҳо пули барқи истифодакардаашонро ҳисоббаробарӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки чунин марказҳои қабули пардохтҳои ширкати «Помир энержи» айни замон боз дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон низ амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.