Сафари тоҷирони покистонӣ ба Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳо

Доираҳои тиҷоратии Покистон имрӯз, 24 май бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, то ки масъалаҳои талаботи бозори кишвар, нархгузорӣ ва маҳсулоти писандидаи мардумро мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд. Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ), рӯзи панҷшанбе, 25 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардида, ғайр аз ин, вохӯрии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Доираҳои тиҷоратии Покистон имрӯз, 24 май бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, то ки масъалаҳои талаботи бозори кишвар, нархгузорӣ ва маҳсулоти писандидаи мардумро мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ), рӯзи панҷшанбе, 25 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардида, ғайр аз ин, вохӯрии меҳмонон бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд, ҳамчунин намояндагони хадамоти гумрук, Вазорати савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар назар аст.

Ҳамчунин дар доираи кори ҳамоиш баргузории саволу ҷавобҳо бо намояндагони мақомоти нақлиёт, кормандони сафорати Покистон дар Душанбе ва машваратҳои дуҷонибаи гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон каме бештар аз 55 млн. долларро ташкил дода, муддати сол 14 фоиз коҳиш ёфт. Дар ҳаҷми муомилоти моли соли гузашта беш аз 30 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Покистон рост омада, аз Покистон ба Тоҷикистон ба маблағи 25 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.