Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе консерти якуми овозхони саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Ба мухлисон суруди нави сароянда бо номи «Ошно» пешкаш мегардад. Оғоз соати 19:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ; 1 евро […]

АНОНС

– Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе консерти якуми овозхони саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Ба мухлисон суруди нави сароянда бо номи «Ошно» пешкаш мегардад. Оғоз соати 19:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ;

1 евро – 9.9049 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1529 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1925 – Шумораи нахустини рӯзномаи «Комсомольская правда» нашр шуд.

2011 — Дар Тоҷикистон Маркази пайванд (трансплантатсия)-и узвҳои бадан ва бофтаҳо ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Миёна нахустин аст.

2014 — Миёни Тоҷикистон ва Беларус 10 санади байнидавлатӣ ба имзо расид.

1915-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумӣ Раъно Ғолибова.

1928-1993 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Саймуддин Бурҳонов.

1924 – Зодрӯзи профессор Содир Форсихонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот..

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.