«Интернет барои ҳама» аз Tcell дубора Тоҷикистонро фаро мегирад!

Соли 2016 лоиҳаи “Интернет барои ҳама” мақоми аввали Ҷоизаи байналмилалии EACA (Event Awards CentralAsia) дар гуруҳи “Беҳтарин чорабинии маркетингӣ”-ро соҳиб гардида, ҳамчунин ба рӯйхати ҷоизаҳои GlobalEvent Awards шомил гашт. Он вақт лоиҳаи “Интернет барои ҳама” миёни 84 лоиҳа аз 11 кишвар беҳтарин эътироф гардид. Интернет дар замони мо қариб ҳамаи сайёраро фаро гирифтааст. Интернет – […]

Хабаргузории "Озодагон"

Соли 2016 лоиҳаи “Интернет барои ҳама” мақоми аввали Ҷоизаи байналмилалии EACA (Event Awards CentralAsia) дар гуруҳи “Беҳтарин чорабинии маркетингӣ”-ро соҳиб гардида, ҳамчунин ба рӯйхати ҷоизаҳои GlobalEvent Awards шомил гашт. Он вақт лоиҳаи “Интернет барои ҳама” миёни 84 лоиҳа аз 11 кишвар беҳтарин эътироф гардид.

Интернет дар замони мо қариб ҳамаи сайёраро фаро гирифтааст. Интернет – ин манбаи бузург ва босуръати сарчашмаи иттилоъ мебошад. Бе он наздики 5 миллиард аҳолии сайёра ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд. Мо интернетро ба хотири муошират, ҳамкорӣ, гузаронидани тадқиқот, анҷом додани корҳо, ҳифзи иттилоъ, харид, идоракунии суратҳисоб ва чизҳои зиёди дигар истифода мебарем. Ширкати Tcell тасмим гирифт, ин рақамро боло барад ва нишон диҳад, ки Интернет дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсон қулай ва муфид аст. Ин маърака дар маркази шаҳр тамоми хоҳишмандонро, ки мехоҳанд дар бораи шабакаи ҷаҳонӣ маълумот бигиранд, ҷамъ мекунад. Сокинони маҳаллӣ метавонанд дар бораи иттилои мавриди назарашон оид ба интернет ва имкониятҳои он бифаҳманд. Дар ин ҷо метавон суол дод ва бо кормандони ширкат дар бораи хизматрасониҳо, тарифҳо ва имконот аз Tcell машварат кард ва ҳамзамон қисми зарурӣ аз онро пайваст кард.

Яке аз хизматрасониҳои маъмултарин ва муфид барои сокинони минтақаҳо аз Tcell – ин нармафзори (мобильное приложение) ЧӣГап аст, ки истифодабарандагони он ҳамеша бо наздикон аз хориҷ бо нархи арзон дар иртибот хоҳанд шуд. Ин нахустин нармафзори миллӣ барои муошират мебошад, ки барои осон шудани истифода аз он барои муштариён забони тоҷикӣ низ дорад.

Мутахассисони ширкат барои хоҳишмандон ин нармафзорро насб мекунанд ва тарзи истифодаи онро мефаҳмонанд. Ҳамчунин мутахассисони ширкат дар ин маъракаҳо барои интихоби оптсияи интернетӣ дар қатори G+ вобаста ба талаботи истифодабаранда ё интихоби тарофаи мувофиқ мисоли “Осон” ва ё “Фасон”, ҳамчунин пайваст ва пур кардани тавозун ба ҷамъомадагон кӯмак мекунанд.

“Интернет барои ҳама” соли 2016 тамоми қаламрави кишварро фаро гирифта буд. Имсол “Интернет барои ҳама” сайёҳатро ба Тоҷикистон аз Файзобод оғоз кард. Дар маркази ноҳия одамони зиёде ҷамъ омада, бо шавқ маълумотҳои навро дар бораи шабакаи ҷаҳонӣ фаҳмиданд, хизматрасониҳои заруриро аз Tcell барои роҳ ёфтан ба интернет пайваст карданд. Чунин маърака алакай дар Файзобод ва Ёвон доир гардид ва дар ин рӯзи ҷавонон бошад “Интернет барои ҳама” ба Рашт рафт, ки онҷо маросими ботантана доир мегардад. Барномаи чорабинии “Интернет барои ҳама” ҳамчунин барномаи фарҳангиву мусиқӣ ҳам дорад, ки дар он сарояндаҳо ва раққосони шинохта ба минтақаҳо меоянд. Пешбарандагони чорабинӣ худи кормандони ширкат буда, мусобиқаҳо доир мекунанд. Ҳамаи тамошобинон аз ин имаърака дар ҳаяҷонанд ва бо шавқ дар дар бораи тарзи дурусти пайваст шудан ба интернет маълумот мегиранд. Дар охири чорабиниҳо иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои гуворо ва арзишманд мегиранд.

Tcell – боз ҳам наздиктар!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.