Таҷлили Рузи ҷавонон дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Иттилоияи расмӣ

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иштироки васеи донишҷуён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон чорабинии фарҳангию варзишӣ доир гардид.

Дар ибтидо пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон қироат шуд.

Сипас, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода  ҳозиринро бо ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳё ва ташаккули давлату давлатдории тоҷикон, истиқрори сулҳу оромиш ва ваҳдату баҳамоии мардуми кишвар, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ, сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат дар робита ба ҷавонон сухан ронд. Ӯ соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Тоҷикистонро намунаи рӯшани сиёсати мазкур хонда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, таҳсилу омӯзиши ҷиддӣ ва хидмати содиқона ба халқу Ватан даъват намуд.

Барои ҳозирин барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш гардида, бахшида ба Соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамчунин, бо иштироки донишҷӯён мусобиқаҳоии варзишӣ баргузор карда шуданд.

Гӯшаи бинои Сафорат бо сабки вежа ороиш ёфта, дар он китобҳои роҳбарияти олии кишвар, асару таълифоти гуногун, инчунин, намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд ва барои иштирокдорон ғизои миллӣ низ таҳия ва пешкаш гардид.

Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Сафорат ба донишҷӯёни фаъолу комёб, хатмкунандагони донишгоҳҳо ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии ин чорабинӣ ҷоизаву туҳфаҳо  тақдим карда шуданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...