Таҷлили Рузи ҷавонон дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иштироки васеи донишҷуён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон чорабинии фарҳангию варзишӣ доир гардид. Дар ибтидо пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои […]

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иштироки васеи донишҷуён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон чорабинии фарҳангию варзишӣ доир гардид.

Дар ибтидо пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон қироат шуд.

Сипас, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода  ҳозиринро бо ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳё ва ташаккули давлату давлатдории тоҷикон, истиқрори сулҳу оромиш ва ваҳдату баҳамоии мардуми кишвар, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ, сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат дар робита ба ҷавонон сухан ронд. Ӯ соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Тоҷикистонро намунаи рӯшани сиёсати мазкур хонда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, таҳсилу омӯзиши ҷиддӣ ва хидмати содиқона ба халқу Ватан даъват намуд.

Барои ҳозирин барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш гардида, бахшида ба Соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамчунин, бо иштироки донишҷӯён мусобиқаҳоии варзишӣ баргузор карда шуданд.

Гӯшаи бинои Сафорат бо сабки вежа ороиш ёфта, дар он китобҳои роҳбарияти олии кишвар, асару таълифоти гуногун, инчунин, намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд ва барои иштирокдорон ғизои миллӣ низ таҳия ва пешкаш гардид.

Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Сафорат ба донишҷӯёни фаъолу комёб, хатмкунандагони донишгоҳҳо ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии ин чорабинӣ ҷоизаву туҳфаҳо  тақдим карда шуданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.