Тоҷикистон ХБА-ро ба тезонидани ҷараёни пешниҳоди кумак даъват кард

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) даъват кард, ки ба ҷараёни баррасии барномаи нави сесолаи дастгирии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои ҷумҳурӣ вусъат бахшида шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ҳарчи зудтар маъқул дониста шудан ва муҳимияти имзои […]

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) даъват кард, ки ба ҷараёни баррасии барномаи нави сесолаи дастгирии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои ҷумҳурӣ вусъат бахшида шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ҳарчи зудтар маъқул дониста шудан ва муҳимияти имзои ин санадро зикр кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла оид ба вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба он табодули назар намуданд.

Масъалаи муҳайё намудани фазои мусоид барои солимгардонии низоми бонкии кишвар, батанзимдарории бонкҳои муаммодор, такмил додани заминаи ҳуқуқии танзим ва назорат, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молиявӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки имкони роҳандозии барномаи нави ХБА барои Тоҷикистон (Механизми васеи қарзии ХБА дар Тоҷикистон)-ро ҷонибҳо тӯли чор соли охир баррасӣ мекунанд.

Ба ивази дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз рӯи чунин барномаҳо, Тоҷикистон маъмулан ба иҷрои як қатор шартҳо уҳдадор мешавад, ки аз ҷониби ниҳоди молии байнулмилалӣ зимни баррасиҳо пешниҳод мешаванд.

Намояндагони Хазина чандин маротиба умедворӣ изҳор намуда буданд, ки ояндаи наздик доир ба роҳандозии барномаи нави сесола тавофуқ ҳосил шуда, он вориси барномаи қаблан муваффақона амалигардида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки муҳлати амали барномаи пешинаи сесолаи «Механизми васеи қарзӣ», ки дар доираи он ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.