Шабнами Сурайё дар ҳузури президент ҳунарнамоӣ кард

Бори нахуст тӯли солҳои зиёд ҳунарнамоии овозхонҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин дар экранҳои телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Рӯзи дуюм аст, ки пайдарпай дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пахш мешавад. Дар ин консерт ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва […]

Бори нахуст тӯли солҳои зиёд ҳунарнамоии овозхонҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин дар экранҳои телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

Рӯзи дуюм аст, ки пайдарпай дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пахш мешавад.

Дар ин консерт ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин низ ҳунарнамоӣ карданд, ки тайи солҳои охир ба консертҳои давлатӣ даъват намешуданд ва дар шабакаҳои давлатии телевизион ҳузур надоштанд.

Барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон рӯзи 23 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки овозхонон Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Меҳрнигор Рустам, Муҳаммадрофе Кароматулло, Мадина Ақназарова доир гардид.

Бо вуҷуди чанде қабл аз олам даргузаштани бародари Шабнам (17 апрел писари 16-солаи сарояндаи маъруф Сурайё Қосимова аз олам даргузашт), сароянда лозим донист дар чорабинии давлатӣ ширкат варзида, назди тамошобинон ҳунарнамоӣ кунад.

Охири моҳи апрел маълумот интишор шуд, ки чанде аз овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик, ки аз эфирҳои телевизион барканор шуда буданд, дубора баргардонида мешаванд. Дар ин бора зимни вохӯрии намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизиону радио бевосита бо ситораҳои ба қавле аз «рӯйхати сиёҳ» иттилоъ дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.