Нахустин фестивали «Помир-Маскав» дар пойтахти Русия

Asia-Plus

Дар Осорхонаи шаҳри Маскав рӯзи 4 июн нахустин фестивали фарҳангии «Помир-Маскав» доир мегардад.

Хабаргузории «Фергана» дар ин робита менависад, барномаи фестивал аз консерт ва Jam session-и мусиқачиёни Тоҷикистону Русия, сохтмони манзили маъмулии помирӣ, намоиши филми «Песни Абдула» (коргардон Анна Моисенко, истеҳсоли Фаронса – Русия – Тоҷикистон) ва дигар чорабиниҳо иборат аст.

Дар доираи ҷашнвора пешниҳоди маърӯзаву қироати шеър, мизҳои гирд бо иштироки коршиносон дар бахши муҳоҷират, намоиши корҳои рассомони муосир, таҷрибаҳои муштараки таомпазии ошпазҳои тоҷику рус, тӯйи театрикунонидашудаи помирӣ бо оши палав ва рақсу суруд, муаррифии китобҳо, бозиву машғулиятҳо барои кӯдакон ва ғайра баргузор мешавад.

Зимни кори мизҳои гирд доир ба мавзӯи муҳоҷират коршиносони Осиёи Марказӣ ва Русия дар бораи таҳқиқоти худ оид ба ин масъала маълумот дода, атрофи як қатор масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, аз қабили хусусиятҳои бозори кор, сиёсат дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират ва кор, падидаҳои нажодпарастӣ дар Русия муосир, нақши ИДМ дар сиёсати байнулмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.

Фестивал аз ҷониби Осорхонаи шаҳри Маскав, Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Нур», гурӯҳи мусиқии «Аркадий Котс», тими Cineminers ва Фонди Роза Люксембург созмон дода шуда, соати 13:00 оғоз мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.