Нахустин фестивали «Помир-Маскав» дар пойтахти Русия

Дар Осорхонаи шаҳри Маскав рӯзи 4 июн нахустин фестивали фарҳангии «Помир-Маскав» доир мегардад. Хабаргузории «Фергана» дар ин робита менависад, барномаи фестивал аз консерт ва Jam session-и мусиқачиёни Тоҷикистону Русия, сохтмони манзили маъмулии помирӣ, намоиши филми «Песни Абдула» (коргардон Анна Моисенко, истеҳсоли Фаронса – Русия – Тоҷикистон) ва дигар чорабиниҳо иборат аст. Дар доираи ҷашнвора пешниҳоди […]

Asia-Plus

Дар Осорхонаи шаҳри Маскав рӯзи 4 июн нахустин фестивали фарҳангии «Помир-Маскав» доир мегардад.

Хабаргузории «Фергана» дар ин робита менависад, барномаи фестивал аз консерт ва Jam session-и мусиқачиёни Тоҷикистону Русия, сохтмони манзили маъмулии помирӣ, намоиши филми «Песни Абдула» (коргардон Анна Моисенко, истеҳсоли Фаронса – Русия – Тоҷикистон) ва дигар чорабиниҳо иборат аст.

Дар доираи ҷашнвора пешниҳоди маърӯзаву қироати шеър, мизҳои гирд бо иштироки коршиносон дар бахши муҳоҷират, намоиши корҳои рассомони муосир, таҷрибаҳои муштараки таомпазии ошпазҳои тоҷику рус, тӯйи театрикунонидашудаи помирӣ бо оши палав ва рақсу суруд, муаррифии китобҳо, бозиву машғулиятҳо барои кӯдакон ва ғайра баргузор мешавад.

Зимни кори мизҳои гирд доир ба мавзӯи муҳоҷират коршиносони Осиёи Марказӣ ва Русия дар бораи таҳқиқоти худ оид ба ин масъала маълумот дода, атрофи як қатор масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, аз қабили хусусиятҳои бозори кор, сиёсат дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират ва кор, падидаҳои нажодпарастӣ дар Русия муосир, нақши ИДМ дар сиёсати байнулмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.

Фестивал аз ҷониби Осорхонаи шаҳри Маскав, Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Нур», гурӯҳи мусиқии «Аркадий Котс», тими Cineminers ва Фонди Роза Люксембург созмон дода шуда, соати 13:00 оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.