Сӯхтор дар ду бозори минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Бар асари сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон садҳои дӯкону нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Ба зуд паҳншавии оташ шамоли сахт ва корношоям будани автомашинаи оташнишонии ШВКД-и маҳаллӣ мусоидат кардааст. Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони маҳаллӣ хабар доданд, сӯхтор аввал аз мағозаи масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хоҷагиву рӯзгор оғоз шудааст. «Сӯхтор […]

Бар асари сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон садҳои дӯкону нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Ба зуд паҳншавии оташ шамоли сахт ва корношоям будани автомашинаи оташнишонии ШВКД-и маҳаллӣ мусоидат кардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони маҳаллӣ хабар доданд, сӯхтор аввал аз мағозаи масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хоҷагиву рӯзгор оғоз шудааст.

«Сӯхтор тақрибан соати 6-и шомгоҳон оғоз гардида, бар асари шамоли сахт алангаи он хеле зуд паҳн шуд ва одамон фурсат надоштанд, ки маҳсулоти худро берун гиранд, – хабар дод яке аз фурӯшандагони бозор. – Ягона чизе, ки наҷоташ муяссар шуд, пули нақд мебошад. Чандин нафар аз оташ захм гирифта, касе қурбон нашудааст».

Дар натиҷаи сӯхтор дӯкон ва нуқтаҳои фурӯши ду бозори ноҳия – марказӣ ва нав осеб дидаанд, ки ин бозорҳо паҳлӯи ҳам ҷойгиранд. Дар ин бозорҳои қариб 1000 нафар машғули кор буданд.

https://www.youtube.com/watch?v=YtgVIqImfDQ

Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, ба дастаҳои оташнишонӣ аз Кӯлобу Восеъ ва Ҳамадонӣ танҳо соати 10-и шаб фурӯ нишондани оташ муясссар гардида, ягона автомашинаи оташнишонии ШВКД-и маҳаллӣ бинобар сабаби корношоям будан, ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда натавонистааст.

Комиссияи махсуси иборат аз намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура ва КДАМ  имрӯз дар ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор шурӯъ намуданд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фурсати наздиктарин Вазорат дар бораи сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми осеби расида маълумоти пешакӣ интишор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.