Ба солимгардонии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» хориҷиён машғул мешаванд

Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ба ду бонки низомсози Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» барои раҳоӣ аз вазъи мушкили молиявӣ кумак мекунад. Ширкати мазкур ба таҳияи нақшаи солимгардонии ин бонкҳо машғул мешавад. Дар мулоқоти чанде қабли Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва […]

Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ба ду бонки низомсози Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» барои раҳоӣ аз вазъи мушкили молиявӣ кумак мекунад. Ширкати мазкур ба таҳияи нақшаи солимгардонии ин бонкҳо машғул мешавад.

Дар мулоқоти чанде қабли Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов масоили марбут ба вазъи кунунии ин бонкҳо баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, мулоқоти мазкур дар доираи кӯмаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” баргузор гардида, ҷонибҳо сифати сандуқи қарзҳо, дороиву уҳдадорӣ, шбакаи филиалҳои бонкҳоро арзёбӣ карданд.

Нуралиев изҳор дошт, ки БМТ барои ҳамкорӣ бо ширкати “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳия намудани нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Аз ҷумла бо ишора ба таҷрибаи касбии мутахассисони ширкат Ҷамолиддин Нуралиев изҳори боварӣ намуд, ки аз ҷониби ширкати “Alvarez&Marsal” модели нав ва муносиб барои солимгардонии бонкҳои номбурда таҳия ва пешниҳод хоҳад шуд.

Дар навбати худ, директори Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов барои ҳамкорӣ ва мусоидат аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои сазовор гаштани интизории Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кофӣ дар ин самт тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад сохт.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз оғози соли гузашта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ назди мизоҷон баромада наметавонанд. Маъмурияти муваққатии БМТ соли гузашта ба ислоҳи вазъ дар ин бонкҳо шурӯъ карда, ҳукумат низ ба ин бонкҳо ҷиҳати ислоҳи вазъ дар маҷмӯъ 3 млрд. 320 млн. сомонӣ кумак кард.

Он вақт бо қарори ҳукумат дастур дода шуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия ва БМТ лоиҳаи нақшаҳои амал оид ба солимгардонии вазъи молиявии ҳар кадоме аз ин бонкҳо таҳия гардида, дар муддати як моҳ ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат пешниҳод шаванд. То ҳол маълум нест, ки ин ҳуҷҷатҳо дар муҳлати муқарраршуда таҳия гардидаанд ва оё бобати амалисозии онҳо ягон тадбире рӯйи кор гирифта шуда бошад.

Alvarez & Marsal (A&M) яке аз ширркатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи идораи зиддибуҳронӣ, лоиҳаҳо оид ба бозсозӣ, муфлисшавӣ ва беҳбуди самаранокии амалиётӣ мебошад. Ширкат дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Амрикои Лотинӣ кор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.