Талафоти ҷонӣ дар таркиш назди сафорати Олмон дар Афғонистон

Дар мавзеи намояндагиҳои дипломатии шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод. Бино ба иттилои DW, бар асари таркиши автомашинаи мингузоришуда на камтар аз 10 нафар ҳалок ва беш аз 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 автомобил оташ гирифта, дар масофаи 1 километр шишаи тирезаву даромадгоҳи дӯкону биноҳо осеб дидаанд. Гуфта мешавад, таркишро […]

Дар мавзеи намояндагиҳои дипломатии шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод.

Бино ба иттилои DW, бар асари таркиши автомашинаи мингузоришуда на камтар аз 10 нафар ҳалок ва беш аз 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 автомобил оташ гирифта, дар масофаи 1 километр шишаи тирезаву даромадгоҳи дӯкону биноҳо осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, таркишро террористи маргталаб каме дуртар аз бинои сафорати Олмон анҷом додааст. Биноҳои дигар намояндагиҳои дипломатӣ низ дар наздикии макони таркиш ҷойгиранд ва аз ин рӯ, мақомоти пулис бо эътимод гуфта наметавонад, ки ҳадафи аслии таркиш чист.

Тибқи маълумоти шабакаи ҷамъиятии телевизиони Япония NHK, дар натиҷаи таркиш ду корманди сафорати ин кишвар осеб дида, ҷароҳатҳои дипломатҳо вазнин нестанд ва ба ҳаёташон чизе таҳдид намекунад.

Хабаргузории Синхуа иттилоъ медиҳад, ки аз таркиш бинои ин хабаргузорӣ низ осеб дида, шишаи тирезавударомадгоҳи бино шикаста шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.