Манъи сарпарастии ҳама гуна барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи реклама»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд, ки мутобиқи он минбаъд дар кишвар сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио сарфи назар шакли моликияташон манъ мешавад. Ба гуфтаи вакил Олим Салимзода, ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот дар ҷумҳурӣ […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи реклама»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд, ки мутобиқи он минбаъд дар кишвар сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио сарфи назар шакли моликияташон манъ мешавад.

Ба гуфтаи вакил Олим Салимзода, ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот дар ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд.

Ҳеҷ кадоме аз вакилони овоздода ҳатто таваҷҷуҳе зоҳир накард, ки чунин тағйироту иловаҳо бо кадом мақсад қабул мешаванд. Танҳо як вакил бо шарти ифшо нашудани ному насабаш ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки фазои иттилоотии кишваррро аз таъсири нерӯҳои беруна ҳимоя кунад».

Тағйироту иловаҳо ҳамчунин зикри истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машруботро низ манъ мекунанд, ҳатто агар онҳо дар ин ё он чорабинӣ саҳм гузошта бошанд.

«Пештар зикри маҳсулоти онҳо манъ буд, акнун зикри худи ширкате, ки маҳсулоти тамоку ё машрубот истеҳсол мекунад, низ манъ шуд», – хабар дода буд қаблан ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.